
Н.ХУСРАВ. Ба хотири татбиқи самарабахши дастуру супоришҳои Пешво миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини шароити зиндагии арзанда ва аз байн бурдани фарқи байни деҳоту шаҳр бахшида ба истиқболи сазовори 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ бо роҳандозӣ оид ба татбиқи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ” ва Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоии деҳаи “Ҳайдаробод”-и Ҷамоати деҳоти Наврӯз-и ноҳияи Носири Хусрав дар деҳа, ки сокинон аз оби ошомиданӣ танқисӣ мекашиданд, чоҳи амудӣ канда, қубурҳои обгузар кашиданд.
Дар чорабинии муҳим роҳбарияти Кумитаи иҷроия иштирок дошта, барои дастгирӣ изҳори миннатдорӣ баён кард. Дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ шуданд.