
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баррасӣ ва шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар толори Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод бо истиқоматкунандагони деҳаи Ғофилобод мулоқот баргузор гардид.
Нахуст, масъулини ҳизбӣ дар хусуси моҳияти Паём ва тарзи дуруст истифода бурдани шабакаи интернетӣ, аз ҷумла фейсбук, суханронӣ намуда, гуфтанд, ки Паёмро ҳамчун раҳнамое истифода хоҳанд бурд.
Сипас, дар идомаи мулоқот самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, ки масъалаҳои муҳимро дар бар мегирад, ба дарки ҳамагон расонида шуд.