
МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати деҳоти «Деҳибаланд»-и ноҳияи Муъминобод маҷлиси ҷамъбастии солонаи ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар маҷлис масъулин оид ба бандҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва моҳияти Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» андешаронӣ намуда, сокинонро ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят карданд.
Сипас, самтҳои дигар афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ гардида, байни кормандони ҳизбӣ ва ҷамъомадагон суолу посухҳои мушаххас ба вуқӯъ пайваст.