БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

25 СОЛИ ПУРШАРАФ!

АЗ АНҶУМАН ТО АНҶУМАН

АНДЕША. Бо шарофати фазои пурнишоти Истиқлолияти комили кишвар ва ваӽдату суботи ҷомеа мардум сарбаландона зиндагии хушӽолонаи худро пеш мебаранд. Дигаргуниӽои куллии ҷомеа тақозо дорад, ки дар ӽама самтӽои хоҷагии халқ раванди истеӽсолӣ ва фаъолияти маънавӣ рушд кунад. Дар робита ба талаботи замони муосир, ки муборизаӽои тезутунди идеологӣ тавассути шабакаӽои гуногуни интернетӣ ҷараён дорад, зарурати боз ӽам фаъолгардонии донишу малакаи сиёсии ӽар фарди ҷомеа аз ӽарвақта дида бештар ба миён омадааст. Дар ин росто нақши созандаву пешбарандаи ҷомеа Ӽизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ӽадафӽои сиёсии он бо ормонӽои миллӣ ва расидан ба зиндагии ояндаи шоистаи мардуми кишвар тавъам аст, басо калон мебошад.

Кумитаи иҷроияи ӼХДТ дар ноӽияи Восеъ низ масъулияти амалисозии мақсаду мароми ӽизбро дар ноӽия дар асоси қонунгузорӣ, дастуру супоришӽои Роӽбарияти олии ӽизб, тартиботи дохилиӽизбӣ ва талаботӽои Барномаву Оинномаи ӽизб ба роӽ монда, аз ибтидои сол то ин дам як қатор амалӽои судмандро ба сомон расондааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар он рӯзҳое таъсис ёфт, ки фазои Тоҷикистон ҳамоно дар дуди ғализи даргириҳои оташи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дошт. Хурду калон дар талоши як бурда нону сарсониву саргардониҳо умеди фардои беҳрӯзгорӣ надоштанд. Ягона таскини дил таъкидҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки тавассути телевизиону радио ба мардум мерасид ва шуълаи навмедиҳо моро ба зиндагии осоиштаву сулҳу субот умедвор месохт. Он солҳо албатта вазъи сиёсӣ мураккаб буд. Хизбу ҳаракатҳои гуногуни сиёсию динӣ ва қавмию маҳаллӣ ошкору пинҳон амал мекарданд ва ҳар кадом тамоюлу ҳадафҳои сиёсии худро доштанд. Мардум, ки аз сиёсатбозиҳо монда шуда буданд, дигар моҳияти аслии ҳизбҳоро дарк карда наметавонистанд. Барои аҳли зиё ва онҳое, ки манфиатҳои миллӣ барояшон афзалияти бештар дошт, ҳизби роҳнамосозу дархури ормонҳои миллӣ зарур буд. Ин нуқтаро дар ҳамон вақт Пешвои муззами миллат хеле амиқу дурандешона дарк кард ва ба таъсиси ҲХДТ даст зад.

Ба майдони сиёсии кишвар ворид шудани як неруи наву тавонои сиёсии идеологӣ, ки ҳастии барномавияшро арзишҳои миллӣ, баҳамовардани қувваҳои ақлонии ҷомеа барои наҷоти давлату миллат аз парешонию нестшавӣ ва хатми ҳама муноқишаҳои гуруҳию маҳаллӣ, ки ба хоҷагии халқи мамлакат хисороти калони иқтисодию оварда буд, ташкил медод, воқеан рӯйдоди бузурги сиёсии ҷумҳурӣ маҳуб мешавад. Таърихи биступанҷсолаи фаъолияти ҲХДТ собит сохт, ки масъулони ҳизб таҳти роҳбарӣ ва асосгузори худ Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати барномавии ҳизбиашонро сарбаландона иҷро намуданд.

Ҷанги шаҳрвандӣ хотима ёфт, гурезаҳои иҷборӣ ба Ватан бозгардонда шуданд. Сарзамини тоҷикон боз аз нав ором гашт, мардуми кишвар нафаси тоза гирифтанд. Хусусан, барои мо модарон тинҷиву осудагӣ, ки дер боз интизораш будем, фараҳу шодиовар буд.

Соли нахуст, айёме, ки афкори барномавии ҳизб дар саросари кишвар паҳн мегардид, гуруҳҳои тарғиботӣ хеле фаъолона амал мекарданд. Дар ноҳияи мо низ ба таври оммавӣ ғояҳои ҳизби навтаъсис тарғиб мешуд. Дере нагузашта Кумитаи иҷроияи ҳизбӣ дар ноҳия ташкил карда шуд. аввалинҳо ба сафи ҳизб шомил шуданд. Соли 1998 дар 8 ташкилоту муассиса ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо фарогири 934 нафар аъзоён ба фаъолият оғоз намуданд. Мо як гуруҳ занони фаъол, ки он солҳо дар муассисаҳои таълимии ноҳия адои вазифа доштем, аз нахустинҳо шуда, ба узвияти ҲХДТ пайвастем. Барномаи амали ҳизбиро дар ҳама ҷо тарғибу ташвиқ мекардем. Сафи ҳизбиён аз ҳисоби фаъолон меафзуд. Ташкилотҳои ибтидоӣ дар корхонаву идораҳо таъсис ёфта, мубоҳисаҳои сиёсӣ мегузарондем.

Ман имрӯз хушбахтам, ки сарварии КИ ҲХДТ дар ноҳияро ба уҳда дорам, ҳизбе, ки Пешвои муаззами миллат раиси он аст. Ман боифтихор сухан мегӯям, аз ҳизбе, ки ман узви он ҳастам, ҳизби ҳукмрон, пешбаранда, раҳомӯзи тамоми мардуми кишвар, саропо бо ғояҳои миллатдӯстона, ватанпарастию арҷгузоранда ба арзишҳои миллӣ ва асилтарин рукнҳои ахлоқию тарбиявӣ муҷаҳҳаз, мебошад. Тавре, ки раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомлаӣ Раҳмон таъкид мекунад: «Вазифаи ӽизбиён аз он иборат аст, ки ғояӽои асосии давлатдорӣ ва давлатсозии навини тоҷиконро дар байни мардум тарғибу ташвиқ карда, на танӽо рисолати инсонӣ, балки мақсаду мароми ӽизбро бо масъулияти баланд иҷро намоянд.»

Айни ӽол ташкилотӽои ибтидоии ӽизбӣ дар ноӽия 146 ададро ташкил медиӽанд. Дар сафӽои ӽизб феълан 8002 нафар шомил буда, 4861 нафарашро мардон ва 3246 нафараш занон мебошанд. Ин нерўи тавоно дар ӽама соӽаӽои хоҷагии халқ содиқона фаъолияти соӽавии худро пеш мебаранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки бахши кор бо занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар асоси нақша чорабиниҳо дар ҳамбастагӣ бо шуъбаҳои дахлдор дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот корҳои таблиғотию ташвиқотӣ оиди пешгирии ҳодисаҳое, ки доғи ҷомеа гаштааст, суҳбату вохуриҳо гузаронида, бобати дарки моҳити масъалаҳои марбут, аз ҷумла худкушӣ ва худсӯзӣ, суиқасд ба ҷони худ ва дигар зуҳуроти номатлуб ба аҳли ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Инчунин гуруҳҳои ташаббускор аз ҳисоби занони фаъол, собиқадорони меҳнат, мутахассисони соҳа, ҳуқуқшиносон, кормандони соҳаи тиб ташкил гардида, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии занону духтарон ҷиҳати ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ дар доираи аксияи ҳизбӣ "Якҷоя ҳал мекунем" дар ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот корҳои фаҳмондадиҳиро ба сомон расондаанд.

Ҳамвора дар ин самт бо дастгирии масъулони ташкилотҳои ибтидоии "Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилии ноҳия" дар самти таъмиру мумфарш намудани роҳҳои маҳаллии ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев ва олиҳимматии соҳибкорони шинохта, вакили Маҷлиси намояндагони ноҳия Сафар Мирзоалиев беш аз 8 километр роҳҳо намуди замонавӣ гирифтанд. Боиси хурсандист, ки дар доираи аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем" аз ҷониби яке аз шахсиятҳои шинохтаи ҷумҳурӣ муҳтарам Қурбон Мирзоалиев ва соҳибкори маҳаллӣ Шералӣ Шайхов дар деҳаҳои ЯП-и Ҷамоати деҳоти ба номи М. Маҳмадалиев ва деҳаи Саъдулло Шарифи Ҷамоати деҳоти Гулистон бунёди муассисаҳои таълимӣ бо мувафаққият ҷараён дорад.

Итминон дорам, ки ҲХДТ шарафмандона ливои пешбарандаи ҷомеаро боз ҳам қавитар ба даст гирифта, дар ҳама набардҳои сиёсӣ зафар ёфта, бо амалҳои бунёдкориву созандагиҳо мартаба ва нуфузи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмиллалӣ баландтар хоҳанд бардошт.

Сафар Ҳафиза- раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg