БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ  ТОҶИКИСТОН- ҲИДОЯТГАРИ  ЗИНДАГИИ  ОСОИШТАИ  МАРДУМ

ХОТИРОТ АЗ АНҶУМАНИ 13-уми ҲХДТ. Ман  ҳамчун  вакил  дар  Анҷумани  13-уми Ҳизби  Халқии  Демократии  Тоҷикистон иштирок намуда, таассуроти хеле баланд бардоштам. Махсусан, дар  баромади Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъзе хотироти худро оиди таъсиси  намудани ҲХДТ баён намуданд,  ки  хеле ҷолиб ва хотирмон буд. Раиси  муаззами ҳизб бор дигар қайд намуданд, ки дар вазъияти хеле ҳассос барои  кишвар, ҷиҳати ба эътидол овадани ҷомеа тадбирҳои саривақти андешидан  зарур ва лозим буд. Дар чунин вазъ барои давлати ҷавони соҳибихтиёр як неруи  созандае лозим буд, ки тавонад ҷомеаро ба сулҳу салоҳ ва якдигарфаҳмӣ ҳидоят намояд.

Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳои барои халқи тоҷик мудҳишу даҳшатбор, ки дар қатор дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кишвари мо низ  Истиқлдолияти  худро эълон намуд. Бо пайдо шудани як қатор муаммоҳои  иқтисодию иҷтимоӣ, зери ниқоби демократияю ошкорбаёнӣ нооромиҳои сиёсӣ ба амал омаданд. Баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо истифода аз дастгириҳои  хоҷагони хориҷии худ мардумро ба низоъҳои дохилӣ, барангехта соҳиби  мансабу сарватҳои калон гардиданд ва нуфузи сиёсии худро қави гардониданд. Онҳо дар байни мардум миллатчигию маҳалгароӣ, мансабталошию бо истифода  аз номукамалии дошишҳои динии мардум, алалхусус ҷавонон, гумроҳкунии  онҳо ба  кор бурда оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуданд.

Дар ин давраи барои халқи тоҷик мудҳишу даҳшатбор барои сарҷамъ  намудани мардум нерӯи ақлоние зарур буд, ки мардумро ба сулҳу салоҳ ва  якдигарфаҳми равона намояд. Бо истифода аз таҷриба ва ақли заковати баланди  инсонӣ аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки инак 25 сол мешавад ҳамчун як  нерӯи созанда бо пеш бурдани фаъолияти идеологии  пурсамар маънавиёти  ҷомеаро  аз  ҳама  гуна  хатарҳои  беруна  ҳимоя карда , бо  татбиқи  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  худ дар  амали  намудани  ҳадафҳои  олии  Оинномавӣ  ва  Барномавии  худ бо  такя  бо  нерӯи  созандаи  халқ мувафақк  гардонида  истодааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси муаззами худ Пешвои тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки масъулияти баланди  ватансозиро бар душ дорад, ҳамчун василаи рушди демократия, татбиқи  меъёрҳои демократӣ, таҳкими сулҳу субот ва  ваҳдати сартосарии ҷомеаро ба  душ дошта, ҷиҳати  амалӣ  гардиданашон тамоми чораҳои заруриро андешида истодааст.

   Ман  ҳамчун як вакили Анҷуман аз суханронии Сарвари ҳизбамон дарк  намудам, ки фарзанди Тоҷикистонам ва  ягон гӯшаи Ватан бароям мулки бегона  нест, тайёрам барои таҳкими Истиқлолити давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ба  даст овардани созгори миллӣ бо ақлу хиради солим, донишу таҷрибаи бадаст  овардаам ва дар ҳамкорӣ  бо  аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии  Тоҷикистон дар амали намудани дастуру ҳидоятҳо ва Қарорҳои қабулнамудаи  Анҷумани 13-уми ҲХДТ аҳли ҷомеаро сафарбар намуда, дар пешрафту гулгушукуфоии  кишвари  азизамон ҳиссаи сазовори худро мегузорам.

Пешвои миллат Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин Анҷуман ба мақоми зан ва баланд  бардоштани мавқеи онҳо дар ҷомеа муфассал истода гузоштанд, ки барои мо  занон хеле ҷолиб буд. Қайд намуданд, ки ман дар Мачлиси Кумитаи Иҷроияи  Марказии Ҳизб оиди ҷалби занону духтарон ба кору фаъолияти ҳизб пешниҳод карда будам ва ҳатто таъкид намудам, ки бештар занону духтарон ба вазифаҳои  ҳизбию давлатӣ пешниҳод карда шаванд. Ин суханони Пешвои миллат, Сарвари  муаззами ҳизбамон ба мо занон руҳу илоҳоми тоза бахшид.

Мо масъулин, фаъолон ва аъзоёни ҳизб бо дастгирӣ аз сиёсати  хирадмандонаю созандаи  Пешвои  миллат, Раиси  ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон тамоми кӯшишу ғайратамонро минбаъд низ барои ободии Ватан, афзун  намудани  дастовардҳои  Истиқлолият, таҳкими сулҳу суббот, ваҳдати миллӣ  ва дар амал татбиқ намудани Қарорҳои Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии  Демократии Тоҷикистон сафарб хоҳем кард.

 

Ализода  Сураё Ҷура

Вакили  Анҷумани  13 –уми ҲХДТ,

раиси КИ ҲҲДТ дар ноҳияи

Носири  Хусрав

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg