БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-василаи мутаҳиддии мо!

Аз Анҷуман то Анҷуман. АНДЕША. Санаи 13 декабри соли ҷорӣ дар пойтахти кишвари азизамон шаҳри Душанбе дар маҷмааи Кохи Борбад Анҷумани 13-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти Раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идории Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, тавонист дар як давраи кӯтоҳи таърихӣ вазъи сиёсии кишварро ба субот оварда, барои оромӣ, бутунии марзу бум ва ваҳдату ягонагии халқи он мусоидат намояд. Ин ҳизби таҳти роҳбарии Раиси муаззамаш тавонист дар аввалин муборизаҳо ва фаъолияти сиёсии худ барномаи густурдаи раҳои аз буҳронро пешниҳод намояд. Дар байни ҳарифони сиёсии хеш бо ҷалби бештари аъзо ва ҷонибдоронаш дар таъсиси шохаҳои ҳокимият саҳми арзанда гузорад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вобаста ба дигаргуниҳои замони муосир раванди мутобиқгардониро пешаи худ намуда, тавонист ҳамчун ташкилоти сиёсӣ барои мақоми муайян пайдо намудан дар ҳокимияти давлатӣ ва амали намудани ғояҳояш мубориза барад. Зеро бунёди давлати соҳибистиқлоли демократӣ бе қабули қонунҳои ҳимоякунандаи мафиати умум ва иҷрои саривақтиву бечунучрои онҳо вуҷуд дошта наметавонад.

Раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсии ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим бозид.

Дар баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дар пеш истода, мо ҳизбиён масъулияти баланди касби нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор гардидани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштани ҳизб тамоми чораҳои заруриро меандешем.

Дар охири таассуроти худ оид ба Анҷумани доиргардида, бори дигар ҳамаи ҳизбиёнро бо 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона табрику муборакбод намуда, дар майдони фаъолияти сиёсӣ бароятон пирӯзиҳои нав ба навро хоҳонам.

 

М. Шарифзода - раиси

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ

дар ноҳияи Қубодиён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg