БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҚОИ ҲИЗБ ДАР САДОҚАТИ АЪЗОЁНАШ АСТ!

АНДЕША. Аз Анҷуман то Анҷуман. Рӯзи 13 декабри соли 2019 дар «Кохи Борбад»-и шаҳри Душанбе Анҷумани 13-уми ҲХДТ баргузор гардид. Баргузории  ин Анҷуман ба таъсисёбии 25-умин солгарди ҲХДТ рост омада, барои тамоми аъзо ва ҷонибдорони ҳизб рӯйдоди воқеан фараҳбахш ва таърихӣ гардид. Боиси ифтихор ва сафарозист, ки  ман вакили Анҷумани 13-уми ҲХДТ гаштам. Ҳар Анҷуман фаъолияти ҳизбро ҷамъбаст менамояд. Хушнуд аз он шудам, ки фаъолияти ҳизбиёнро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мусбат арзёбӣ намуданд.

Зимнан боис ба қайд аст, ки  имрӯз ҳизбе, ки  роҳбалади зиндагии босаодати мардум аст, биступанҷсола шуд. Агар хубтар ташбеҳ диҳем мисли ҷавонест дар айни ҷӯшу хурӯши зиндагӣ. Дар ин муддат ҳизби ҷавони мо ба бисёр дастовардҳо ноил шуд. Албатта ин бо роҳбарӣ ва раҳнамоии Сарвари хирадпеша ва дурандеши кишварамон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳар нафаре, ки  узви ин ҳизби воқеан ҳам халқию демократӣ аст, бояд ҷиҳати боз ҳам хубтару беҳтар ва ба муваффақиятҳои калон комёб гардад.

Яке аз аввалинҳо шуда дар ноҳияи Панҷ ба аъзогии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон шомил гардидам ва ифтихор аз он дорам, ки узви ин ҳизб ҳастам. Ҳамарӯза пешрафту нумӯъ, нақшу мақоми арзандаи ҲХДТ-ро эҳсос мекунам. Воқеан ҳам узви ҳизбе ҳастам, ки  бонуфузтарин ва сераъзотарин ҳизби мамлакат буда, сарвариашро Пешвои  муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба зимма доранд.

Айни замон дар назди ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии мо вазифаҳои масъулиятнок истодаанд. Ҳоло дар марҳилаи омодагӣ ба маъракаҳои интихоботи парлумонӣ  қарор дорем. Мардум ба ғояҳои халқпарваронаи ҲХДТ бовар дорад ва дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор шудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҳизби моро нишон медиҳад.

Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромадашон дар Анҷумани навбатӣ аъзои ҳизбро таъкид намуданд, ки  дар таъмини шаффофият, роҳ надодан ба  қонушиканиҳо зимни баргузории интихобот талош намоянд ва ҳамчун ҳизби пешсафи ҷомеа барои дигар  қувваҳои сиёсӣ намунаи ибрат бошанд, зеро ки бақои ҳизб дар садоқати аъзоёнаш аст.        

Файзизода Каримҷон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg