БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- ҲИЗБЕ, КИ ҲАМЕША БО ХАЛҚ АСТ!

БА МУНОСИБАТИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Ҳизбе, ки бо ҳадафҳои олии миллатсозиву давлатсозӣ вориди сиёсат шуду бо нерӯ ва ҳадафу барномаҳои созандаи худ, бо такя ба нерӯи бузурги халқ дар кишвари ҷангзада поидевори сулҳу ваҳдатро гузошт, миллати пароканда ва ноумедро сарҷамъ карда, ба мардум умеди дубораи зиндагии шоиста дод. Имрӯз ин ҳизби созанда ва бунёдкор солгарди 25-умини таъсисёбии худро ҷашн мегирад. Санаи 10-уми декабри соли равон аз таъсисёбии Ҳизби Халкии Демократии Тоҷикистон расо 25 сол пур мешавад. Ҳизбе, ки тавонист қишрҳои гуногуни ҷомеъаро, ки дар зиддияти ҳамдигар қарор доштанд, сари як миз ҷамъ биораду миллати зиёда аз ҳазор сол аз давлатдории миллӣ бенасибмондаро давлати миллӣ бисозад.

Бо назардошти таҳаввулоту шаклгирии фазои сиёсии чаҳонӣ ва раванди омузиши таърихи ташаккули маънавиёти ҷомеа ба ин хулоса расидан мумкин аст, ки дар миёни ҳамаи сохторҳои мавҷудаи низоми давлатдори танҳо ҳизби сиёсии пурқувват метавонад мафкураи ҷомеаро ба даст гирад, тарбия намояд, шакл диҳад ва истифодаи дурусти шохаҳои ҳокимият ин тафаккуро бо роҳи давлатсозию миллатсозӣ раҳнамоӣ кунад. Агар ба солҳои аввали соҳибистиқлолии кишвар назар афканем нахуст, ба вуҷуд омадани таркишҳо дар идеалогияи ҳизби комуннисти Иттиҳоди Шӯравӣ як давлат пурра пароканда шуд.

Баъдан иродаи суст ва аз лиҳози мафкуравию сиёсӣ ба истиқлолияту озодӣ омода набудани роҳбарияти ин ҳизб дар Тоҷикистон боис гардид, ки афкори ҷомеа ба бунбаст дучор шуда, созмону ҳаракатҳои зиёди шубҳанок дар кишвар пайдо шаванд.

Яъне набудани як ҳизби воқеии аз лиҳози идеологи пурқувват дар ҷомеа боис гардид, ки дар моварои бархурди ин гурӯҳ гурӯчаҳои дохиливу дастнишондаи хориҷиҳо ба хотири даст ёфтан ба қудрат, Тоҷикистон ба хоку хун кашида шуд.

Ба бахти миллати тоҷик зимоми давлатдорӣ ба дасти шахсияти бо ирода ва миллатдӯсту ватанпарвар – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омад ва ӯ бо вуҷуди ҳамаи мушкилоти замон ва зиддиятҳои мафкуравӣ дар андешаи созмон додани ҳизбе афтод, ки тавонад таввасути он миллатро аз буҳрони амиқи идеологию сиёсӣ берун созад.

Ҳамин тавр дар айни ҷанги шаҳрванди 10 –уми декабри соли 1994 Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис ёфт.

Тавре Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби худ таҳти унвони “Бист қадами созанда” бахшида ба 20 солагии ҲХДТ бо ёдовари аз он рӯзҳо навиштаанд: “Ба хотири мардуми азияткашидаамон ин ҳизбро таъсис додем. Мо ба хотири ваҳдати миллӣ дар сафҳои ин ҳизб ҳам камунистон, ҳам демократҳо ҳам аъзои растохезу, ҳам диндорон, ҳам фронти халқию ҳам намояндагони аъзоби мухталифро пазируфтем. Зеро ғояи аслии ҳизби мо, ки дар давраи ҷангу ҷидол ҳамчун як қувваи сиёсии муътадил ба вуҷуд омада буд, пеш аз ҳама Ваҳдати миллӣ буд. Мо барои ғояҳои гурӯҳии худ аз ҳадафҳои миллӣ дасткашида наметавонистем. Мо бо мардум будем мардум бо мо буд”.

Дар ин замина мо масъулони ҳизбӣ бояд дарк намоем, ки роҳбари давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон аз мо дар роҳи ватансозӣ умедҳои калон доранд.

Мо низ дар навбати худ дар назди халқу давлат масъулияти бузургро бар душ дорем. Бо назардошти ин месазад, ки корро тавре ба роҳ монем, ки аз кормандони масъули ҳизб саркарда, то аъзои қатори дар ҳамаи самту соҳаҳои фаъолияти худ намунаи аҳли ҷомеа бошем.

Чихеле, ки Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири ҳидояти мардум ба сулҳу дустӣ ва бедор кардани ҳиссӣ боварии ҷомеа ба ояндаи нек дар вазнинтарин лаҳзаҳо ҷони худро дар вартаи хатар гузошта, ба Хусдеҳи Афғонистон рафта буд. Ё ба хотири ҳидояти ҷомеа ба фаъолияти созандагӣ шахсан сари чанбари булдозер нишаста ба кори сарбанди НБО-и Роғун оғози расмӣ бахшид. Чунин намунаҳо дар фаъолияти Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле зиёданд.

Ҳамзамон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Асосзугузори сулҳу Ваҳдатӣ миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми 25 соли фаъолияти худ исбот намуд, ки бо ҳар амали созанда ва таблиғоти ба рушди минбаъдаи давлату кишвар равона гашта метавон роҳҳои ҳаллу фасли тамоми душвориҳоро пайдо кард ва ба ин васила пешравиҳои рузафзуни давлату ҷомеаро таъмин намуд. Дар шароити имрӯза ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, бахусус, масъулинӣ ҳизб сиёсати хирадмандонаю созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллатро дуруст дарк карда, моҳияти аслии онро ба мардум расонида истодаанд ва мардумро дар раванди корҳои созандагию бунёдкорӣ фаъол намуданд. Зеро ҷомеа ба қувваи пешбаранда ва роҳнамосоз ниёз дорад. Бешак метавон гуфт, ки дар шароити имрӯза, ҳамон қувва масъулин ва фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд.

Мо аз таҷрибаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон медонем, ки ҳизбу ҳаракатҳо барои ташаккулу такмили ҷомеа фаъолият мебаранд ва дар корҳои давлатдорӣ ҳиссаи худро гузошта, ормонҳои мардумро ба барномаи созандаи хеш амалӣ мегардонанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси ҳадафхои барномавии худ ба роҳ монда дар назди ҳамаи аъзои ҳизб вазифа гузоштааст, ки дар рушди иқтисодиёт, беҳбудии ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҳиссаи сазовор гузоранд.

Имрӯз Кумитаи иҷроияи ҳизб ва ташкилотҳои ибтидоии моро зарур аст, ки ҳамаруза аз мушкилоти аҳли ҷомеа огоҳ бошанд ва барои ҳали онҳо ҳамкории самаронокро ба мақомоти давлатӣ роҳандозӣ намоянд. Ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳияи Ҳамадонӣ бо нерӯи зеҳнии худ дар сафи пеши ҷомеа қарор дошта, ҷиҳати ташаккули мафкураи миллии мардум тамоми чораҳои заруриро меандешад ва кӯшиш дар он дорад, ки нерӯи мардумро ба корҳои созандагӣ ва рушди деҳот ҷалб намояд.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар арафаи ҷашнҳои миллию давлатӣ ва санаҳои муҳими таърихӣ мунтазам чорабиниҳои фарҳангию оммавиро баргузор карда, ба тавсеаи худшиносию ватандӯстии шаҳрвандон ва таблиғи фарҳангӣ миллӣ мусоидат менамояд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оиди дастгирии ятимону бепарасторон, қишрҳои ниёзманди ҷомеа, кӯмак ба ҷавонони донишҷӯ ва корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор мебошад.

Дар Ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати иқдомҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Перезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ислоҳоти фарогир ва дигаргунсозиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ идома дошта, барои сокинон ва пешрафту ободии Ватанамон шароити муносиби зиндагӣ ва пешрафту тараққиётро фароҳам сохтааст. Имрӯз саросари ҷумҳурӣ, аз ҷумла ноҳияи Мир Сайид Алии Хамадонӣ ба як майдони созандагию бунёдкорӣ табдил ёфтааст.

Сокинони боору номуси ноҳия, аз ҷумла аъзоён ва ҷонибдорони Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон ба ин маъракаи муҳими созандагию бунёдкорӣ ҳамроҳ гардида, дар иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сазовор пешвоз гирифтани 30 – солагии Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд.

Бояд тазаккур дод, ки дар қатори дигар воҳидҳои ҷашнӣ дар кишвар тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” рӯзи 16 ноябр ҳар сол ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди сохта ба истифода додани биноҳои маъмурии кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ дар ин рӯз дар ноҳияи Ҳамадонӣ бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияро, ки бо як тарҳи зебо сохта шудааст ба истифода дода шуд, ҳамзамон аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия мошини хизматӣ туҳфа карда шуд.

Бояд ёдовар шуд, ки Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Хамадони 18- уми марти соли 1998 дар конференсияи якуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар ҳайати 300 нафар аъзо таъсис дода шуд, ки он аз раис ва муовини озоди раиси Кумитаи иҷроия иборат буд. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия дар соли 2017 5227 нафар аъзои ХХДТ-ро дар 46 ташкилоти ибтидоии ҳизби мутаҳид гардонида буд то 1-уми ноябри соли 2019 шумораи аъзоёни ҲХДТ дар ноҳия ба 6890 нафар расонида шудааст.

Имрӯзҳо, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба як ҳизби воқеан созанда ва нуфузаш дар миёни аҳли ҷомеа ба як ҳизби пешбарандаи ҷомеа табдил ёфтааст аз он шаҳодат медиҳад, ки имрӯз ҳизби мо дигар ба ташвиқу тарғиб ниёз надорад зеро, ки ҳадафу мақсадаҳояш дар зарфи 25 сол, ки барои ваҳдати миллӣ, сулҳу ороми, суботи сиёси, созандагию бунёдкорӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум равона гардидааст ноил шудааст.

Мо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ талоши худро барои он равона месозем, ки мардумро ҳарҷи бештар ба корҳои ободонию созандагӣ ва амали гардидани ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона созем, то ин, ки Тоҷикистони мо боз ҳам пешрафта ва миёни ҷомеаи ҷаҳони мақому мартаби баландро соҳиб бошад.

 

Ғаффорзода Давлатҷон -раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg