БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ ДУШВОР ВА ПУРИФТИХОРИ ҲИЗБ

БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Дар саҳифаи таърихи башарият ва халқу миллатҳо рӯйдодҳое ба вуқӯъ меоянд, ки замони эҳёгарӣ ва шукуфоию сарсабзиро дар худ таҷассум мекунанд. Дар замони муосир барои миллати тоҷик ин гуна давра – давраи ба даст овардани Истиқлолияти комили давлатӣ мебошад, ки он 28-сол пеш ба вуқуъ омад. Миллати куҳанбунёди тоҷик баъди ҳазор соли бе давлатӣ дубора соҳиби давлати миллӣ гашт, аммо бо дахолати неруҳои берунаву дохила дар авоили Истиқлолият Тоҷикистон ба гирдоби даргириҳои сиёсӣ дучор омад, ки дар натиҷаи дар бархурди гурӯҳҳои манфиатҷу Тоҷикистон ба ҷанги шаҳрванди кашида шуд. Дар ин раванди ҳасос барои Тоҷикистон як нерӯи сиёсие лозим буд, ки тавонад мардуми пароканда ва ноумедро баҳам биорад.

Маҳз ба ҳамин хотир санаи 10-декабри соли 1994 Қарор дар бораи таъсиси Ҳизби Халқии Тоҷикистон (ҳоло ҲХДТ) қабул карда шуд. ҲХДТ замоне рӯи саҳнаи сиёсат омад, ки вазъи ҷомеаи кишвар ноором ва дучори бӯҳрони сиёсӣ ва иқтисодӣ буд. Албатта, он айём ба боварии мардум сазовор гаштан ва ҷомеаро аз паси худ бурдан кори осон набуд, чунки мардум аз ҳизбу ҳизббозиҳо хаста шуда, дигар ба онҳо бовар надоштанд.

Хушбахтона, масъулини Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Роҳбари он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд бо қабули Барномаи мушаххас ва анҷоми корҳои муҳим мавқеи ҳизбро дар кӯтоҳтарин фурсат устувор созанд.

Муҳимтарин аз ҳама ҷомеаи дар гирдоби ҷанг қарордоштаи мо бо тадбирҳои созандаи роҳбари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба сулҳу субот расид. Агар ба таърихи фаъолияти ҲХДТ назар андозем, пас мебинем, ки он тайи ин муддат ба як ниҳоди тавонои сиёсӣ дар  кишвар  табдил ёфтааст. Ин обрӯ ва эътибор натиҷаи татбиқи ормонҳои созанда ба хотири осудагии рӯзгори мардуми кишвар аст.

Аз оғоз на ҳама ба ин ҳизб таваҷҷуҳ доштанд, аммо бо гузашти замон пайвастшавии намояндагони қишрҳои гунонуи ҷомеа ба сафҳои он шакли оммавӣ гирифт. Ҳизб баъди барқароршавии сулҳи комил ба давраи созандагию бунёдкорӣ ворид шуд.  Бо гузашти вақт дурустии ғояҳои созанда ва барномаҳои мукаммалу ояндасози ҲХДТ собит гардид.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон имсол 25-сола мешавад. Ин дар ҳаёти як ҳизби сиёсӣ  муҳлати начандон дароз аст, аммо ҲХДТ собит амуд, ки ӯ ба анҷоми корҳои бузург қодир аст.  Дар як мудати кӯтоҳ ҷомеа онро пазируфт, ба он бовар кард ва давоми солҳое, ки аз истиқлоли кишвар мегузарад шакку шубҳае ба ин ихлос роҳ ёфта бошад. Пайванди миёни ҳизб ва мардум ҳамоно устувор буда, давра ба давра дар ҳоли тақвияту густариш ёфтан аст. Дар тӯли 25 соли фаъолияти худ ҲХДТ муваффақ шуд, ки маҳз тавассути иқдом ва кору пайкори чашмрас дар байни халқ маҳбубият пайдо кунад ва заминаи иҷтимоии худро аз ҳисоби қишрҳои гуногуни ҷомеа мустаҳкам намояд.

Сабаби асосии маҳбубияти бузурги  ҷомеаро  соҳиб  шудани ҳизб  ба дарди мардум хӯрдани ҳадафҳои барномавии он мебошад, ки муҳимтаринҳояш таъмини сулҳи  пойдор, таҳкими давлатдорӣ бар асоси рукнҳои қонун фароҳам овардани шароити рӯзгори сазовор, эҳёи  анъанаҳои фарҳанги бои миллати қадимаи тоҷик мебошанд.

Мо таҳти сарварии роҳбари хирадманду дурандешамон дар мӯҳлати на чандон  калони таърихӣ мувафақ гардидем, ки  кишварро аз муқовиматҳои сиёсӣ ва бӯҳрони иқтисодиву иҷтимоӣ раҳоӣ диҳем, фарҳанги сиёсию ҳуқуқии мардумро боло бардорем, ба бунёди ҷамъияти  демократӣ, ҳуқуқбунёд ва  ягона иқдом карда,  дар асоси озодиҳои сиёсию иқтисодӣ озодии виҷдону мафкура бо роҳҳои осоишта ба муваффақиятҳои нав ноил гардем.

Имрӯз ҷомеа масоили дигари марбути инкишофу тараққиётро пешорӯи ҲХДТ меорад. Бинобар ин Сарвари дурандеши ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарки амиқи моҳияти тараққиёти босуръати дунёи тағйирёбанда, бахусус, дар ҷомеаи Тоҷикистон ба масуъили ҳизб дастур доданд, ки то фаъолияти ҳизбро дар асоси талаботи давру замон ба роҳ монанд.

Дар зарфи 28-соли соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон он қадар пешравиҳое рӯй доданд, ки миллати ориёнажоди мо ҳазорсолаҳо дар орзӯи амалӣ гаштани онҳо буданд, вале танҳо бо шарофати Истиқлолияти комили кишвар ва ҷидду ҷаҳди қаҳрамононаи Президенти  мамлакатамон Раиси муаззами Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи ин пешрафтҳо ва  дигаргуниҳои куллӣ сурат гирифтанд. Бо иқдому  ташаббусҳои Пешвои миллат дар кишвар дар тӯли солҳои Истиқлолият як қатор корҳои бузург анҷом ёфтанд, ки Тоҷикистонро аз як кишвари ҷангзада ба як кишвари ободу зебо табдил ёфт.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби созандаю бунёдкор, ҳизби парлумони кишвар, Барномааш Барномаи амалии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои таъмини сулҳу суботи комил, пешрафту шукуфоӣ ва таҳкими пояҳои иқтисодӣ дар кишвар таҳти шиори «Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» хизматҳои арзандае карда истодааст ва хоҳад намуд, итминони комил  дорем, ки бо такя ба мардуми шарифи Тоҷикистон бо комёбиҳои аз ин ҳам бузургтар  ноил мегардад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии Раиси муаззами он тавассути роҳандозии фаъолияти доманадору пурсамари худ исбот намуд, ки дар низоми сиёсии ҷомеаи  Тоҷикистон ба яке аз омилҳои муҳими таъсиррасони сиёсӣ ва нерӯи пешбари ҷомеаи навини тоҷикон табдил  ёфтааст.

Дар ҳама давру замонҳо  дар ҳама соҳаҳои зиндагӣ ливои қаҳрамонию диловарӣ, аксаран бар ӯҳдаи насли ҷавон қарор мегирифт. Дар баробари роҳсозӣ, обёрӣ, сохтмонҳои азим ва хоҷагии халқ ҷавонони кишвар бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона дар сохторҳои давлатӣ, пешбурди илму маориф, фарҳанг, тарғибу тараннуми дӯстию бародарӣ ҳиссагузорӣ мекарданд. Пӯшида нест, ки Пешвои муаззами миллат борҳо ва борҳо аз минбари баланд таъкид намудаанд, ки “Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландании Тоҷикистон мебошанд!”. Ин бешак онро исбот менамояд, ки такя ба ҷавонони содиқу боэътимод ҳадафу мақсади асосии давлату ҳукумат ва махсусан Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.

Сиёсати пайгирона ва оқилонаи Перзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату ҷомеаи Тоҷикистонро зина ба зина ба сатҳи кившарҳои мутараққии ҷаҳон бароварда истодааст. Мо имрӯз бо итиминони комил гуфта метавонем, ки дар маҷмӯъ он ҳадафҳои наҷибу созандае, ки ҲХДТ дар Анҷумани 12-ум муайян намуда буд, ба пуррагӣ анҷом шуданд.

Лозим ба ёдоварист, ки ташаббусҳои некбинонаи Раиси муаззами ҳизб дар соҳаи об беназир буда, чандин иқдомҳои наҷиби Раиси муаззами ҳизб муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи ҷаҳониён пазируфта шудааст. 22 марти соли 2018 дар Рӯзи байналмилалии захираҳои об татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об – “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028” бо иштироки Роҳбари давлат дар Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид расман  оғоз гардид, ки ин  даҳсола идомаи  Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, солҳои 2005-2015” буда,  ташаббуси дуюмини Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  мебошад. Лози ба ёдоварист, ки бо пешниҳоди Тоҷикистон соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об қабул ва татбиқ гардид.

Сиёсати иқтисодии кишварро тайи панҷ соли охир метавонем муваффақ унвон намоем, чунки яке аз ҳадафҳои олии ҲХДТ ин истиқлолияти пурраи энергетикии кишвар дар ду соли охир ба назар намоёнанд. Ногуфта намонад, ки яке аз хизматҳои бесобиқаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон агар аз наҷот додани Тоҷикистони азиз аз нестшавӣ, муттаҳид намудани мардум, хотима бахшидан ба хунрезиҳо, бунёдкорию ободонӣ, раҳнамоӣ кардани сокинони кишвар бошад, хизмати бузурги дигари Пешвои миллат ин сохтмони иншооти тақдирсози миллати тоҷик Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун” мебошад, ки бо анҷоми сохтмони он зиндагии озоду осоишта ва шоистаи тамоми тоҷику тоҷикистонӣ таъмин мегардад. Айни замон, Роғун манбаи бузурги истеҳсоли барқи аз  ҷиҳати экологӣ тоза ва арзон мегардад, ки  аз назари  истифодаи боэътимоди захираҳои табиат дар оянда хеле муҳим аст, хусусан, дар шароите, ки истихроҷи нафту газ дар ин соҳа нисбат ба барқ зарарнок буда, наметавонанд беохир давом кунад.

Сохтмони НБО “Роғун” ягонагии миллати тоҷикро дар атрофи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат исбот кард ва боиси қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарпарастии маънавии сохтмони ин Кохи нур мебошад. Ҳоло дар сохтмони ин нерӯгох зиёда аз 20000 аъзоёни ҲХДТ кору фаъолият менамоянд. Барои дастгирии сохтмони Роғун тамоми халқи тоҷик, пиру барно, хурду бузурги кишвар бархостанд, то ин ки сохтмони он қатъ нагардад. Ташаббусу дастгирӣ ва иштироки бевоситаи Пешвои миллат дар сохтмони ин нерӯгоҳ ва бастани пеши роҳи дарёи Вахш ба бинокорони ин иншооти аср рӯҳу илҳоми тоза бахшид.

Имрӯз мардуми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба маъракаи муҳими сиёсӣ- интихоботи Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бо омодагии ҳамаҷониба гирифта истодааст.  Доштани дониши хуби сиёсӣ ва огоҳ будан  аз талаботҳои  асосии  қонуну санадҳои меъёрию - ҳуқуқӣ вобаста ба интихоботи вакилон ба  маҷлисҳои маҳаллӣ ва Маҷлисҳои Олӣ  омили асосии таъсиррасонӣ ба  интихобкунандагон ба ҳисоб рафта,  дар ин замина баланд намудани ҳисси  масъулиятшиносии  ҷонибдорони ҳизб дар марҳилаи пешазинтихоботӣ  вазифаи асосии мо мегардад. Дар ин самт мо ҳизбиён ҷиҳати муккамал сохтани донишҳои сиёсии аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқотҳои зиёди рӯ ба рӯ бо мардум баргузор карда истодаем, ки тавонем дар интихобот бо гирифтани райъи бештари интихобкунандагон мушарраф шавем.

Ин интихобот дар даврае  баргузор мегардад, ки Тоҷикистони азизи мо ба  марҳилаи нави созандагиву бунёдкорӣ ва  таҳаввулоти бунёдкорӣ дар кулли самтҳои  инкишофи ҷомеа  ворид мешавад.

Сиёсати пайгирона ва оқилонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарвари Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давлату  ҷомеаи моро зина ба зина ба сатҳи кишварҳои мутарақии ҷаҳон бароварда истодааст. Аз ин лиҳоз,  масъулияти мо ҳизбиёни ноҳияро барои амалӣ шудани ҳадафҳои созандаю бунёдкоронаи ҲХДТ дучанд баланд мебардорад. Зеро ҳизби мо – ҳизби созандаю бунёдкор буда, ояндаи неку дурахшони сокинони кишварамонро таъмин  менамояд.

Имрӯз ҳамаи аъзоёни ҲХДТ ва ҷонибдорону хайрхоҳони он дар остонаи боз як рӯйдоди муҳим баргузории Анҷумани 13-уми ҲХДТ қарор доранд. То имрӯз ҲХДТ 12 Анҷуман доир карда,  барои фаъолияти оянда барномаҳои навро қабул намудааст. Анҷумани навбатии ҳизб фаъолияти 25-солаи ҲХДТ-ро ҷамъбаст намуда, саҳифаи нав дар корномаи минбаъдаи он боз менамояд.

Моро  анҷоми корҳои бузург дар ростои расидан ба  истиқлолияти пурраи энергектикӣ дар пеш аст. ҲХДТ чун ҳамеша дар ин ҷабҳа низ рисолати пешоҳангиро ба ӯҳда дорад. Ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои наслҳои имрӯзу оянда, то онҳо чун ворисони арзанда ва фарзандони солеҳ камол ёбанд.

ФАЙЗИЗОДА КАРИМҶОН-РАИСИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ПАНҶ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg