БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН -ҲИЗБИ ВАТАНСОЗ АСТ!

БА ИФТИХОРИ 25-УМИН СОЛГАРДИ ТАЪСИСЁБИИ ҲХДТ. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни қишрҳои  гуногуни ҷомеа обрӯ ва нуфузи худро беш аз пеш тақвият мебахшад. Ҳадафу барномаҳои он дар заминаи татбиқу карорҳои  Анҷумани 12, маҷлисҳои КИМ ҲХДТ, дастуру супоришҳои Пешвои ҳизбамон пайгирона татбиқ гашта истодааст.

Нақши ҲХДТ дар амалӣ намудани барномаҳои стратегии давлату ҳукумат дар бахшҳои иқтисоду сиёсату илму фарҳанг, баланд бардоштани маърифати сиёсию ҳуқуқии мардум, беҳдошти рӯзгори сокинони ҷумҳурӣ ва ғайра хеле калон мебошад.

ҲХДТ ҳизби даврони нави давлатдории тоҷикон буда, дар фазои сиёсии озод, гуногунандешӣ ва эҳтироми ақидаҳо фаъолият намуда, ҳадафу мақсадҳояшро аз тариқи парлумон амалӣ месозад. Пешрафти фаъолияти он қабл аз ҳама ба татбиқи ормонҳои мардум, амалӣ сохтани меъёрҳои демократӣ  вобаста мебошад.

Комёбиҳои ҲХДТ пеш аз ҳама дар пояи ҳидояту тавсияҳои Раиси ҳизб,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст меоянд. Дар ҳамин замина ҳизби мо таҷрибаи ба шаклу усулҳои замонавӣ пеш бурдани фаъолияти сиёсиро давом дода, аз як тараф агар кори ҳамарӯзаи худро таҷдиду такмил намояд, аз ҷониби дигар усулҳои қолабии фаъолиятро тағйир дода, бо назардошти меъёрҳои демократӣ рисолати воқеан ҳам халқию демократӣ будани ҳизбро амалӣ мегардонад.

Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон дар сиёсат ҷавон ва поку озода мебошад. Аммо масъулияти ба зимма гирифтааш хеле бузургу гарон аст. Зеро Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар давраи басо сарнавиштсоз тақдири минбаъдаи халқи тоҷик ва Тоҷикистонро ба уҳда гирифта, таҳти роҳбарии сарвари худ, фарзанди барӯманди халқ Эмомалӣ Раҳмон ворис ва пуштибони тоҷикону тоҷикистониён гардидааст.

Дар давоми солҳои мавҷудияти худ Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки сиёсати онро аксарияти мардум тарафдорӣ мекунанд, тавассути фаъолияти бунёдкорона ва татбиқи барномаи худ, бо дарки масъулияти зиёд ва қудрати зеҳнии аъзоёнаш, бо дастгирии неруҳои дигари сиёсию ҷамъиятӣ дар бартараф намудани ихтилофҳои дохилӣ, ислоҳоти сиёсию иқтисодӣ нақши ҳалкунанда бозид.

Дар ҳамаи ин пешравию таҳаввулот, дигаргуниҳои ҷиддии иқтисодию иҷтимоӣ саҳми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бузург аст. Имрӯз ҳизби мо ба маънои томаш мақоми пешбаранда ва ташкилотчигии ҷомеаро касб намудааст.

Ҷомеаи чаҳон дар тӯли чанд соли охир эътироф намуд, ки Тоҷикистон сарфи назар аз ҳама мушкилиҳо тавонист дар раванди дигаргуниҳои азими сиёсӣ ва иқтисодӣ дар сафи давлатҳои пуриқтидори чаҳонӣ ҷой гирад.

Яке аз масъалаҳои асосии ҳизбӣ тарғибу ташвиқи ҳадафҳои Барномавии Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки барои анҷоми ин кор аз рӯзномаҳои ҳизбӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.

Баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии ҳизб миёни оммаи васеи меҳнаткашон ва кулли мардуми ноҳия, тавассути гуруҳҳои таблиғотии доимоамалкунанда, аз ҳисоби занон, ҷавонон, фаъолон ва собиқадорони ҳизб, ки то имрӯз шумораи онҳо дар ноҳия 78 - нафарро ташкил медиҳанд корҳои фаҳмондадиҳиро идома дода истодаанд.

Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён барои ба танзим овардани сафҳои ҳизб, самаранок намудани фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, мустаҳкам намудани мавқеи ҲХДТ дар ҷомеъа, баланд бардоштани обру ва нуфузи ҲХДТ ҳар як аъзои ҳизб бо дасту дили пок ва садоқати бепоён ба халқу Ватан таҳти сарварии Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қувваю дониш ва лаёқати хешро баҳри пойдории давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона, ки ба хотири рушду нумуъ ва беҳбудии ҷомеа нигаронида шудааст, сафарбар менамояд.

Соли гузашта барои мамлакати мо бешубҳа соли бобарор буд. Таҳлили факту рақамҳо ва натичаҳои сол гувоҳи онанд, ки мо дар соли 2018 ба дастовардҳои назарраси иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ноил гаштем. Обрую эътибори ватани мо дар арсаи ҷаҳонӣ беш аз пеш тақвият ёфт. Сиёсатмадорони шинохтаи ҷаҳонӣ ва ташкилотҳои бонуфузи байналхалқӣ муваффақиятҳои мамлакати моро дар роҳи бунёди давлати демокративу дунявӣ, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мусбат арзёбӣ карда, Тоҷикистонро дар байни давлатҳои мустақил дар қатори аввалинҳо ҷой додаанд. Ибтикору пешниҳодҳои оқилонаи Сарвари давлати мо аз минбарҳои баланди ҷаҳонӣ  аз ҷониби аҳли сайёра хуш пазируфта мешаванд.

Сохтмонҳои азими НБО - у нақбу пулҳо, шоҳроҳҳои стратегӣ ба ҳар гушаи кишвар, сиёсати дарҳои кушода, ба назар гирифтани манфиатҳои умумибашарию минтақавӣ дар сиёсати дохилию хориҷии давлат, тадричан паст гардидани сатҳи камбизоатии мардум, ки аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба амал бароварда мешаванд, эътимоди ҷаҳониёнро ба ояндаи неки давлати мо беш аз пеш тақвият мебахшанд. Ва боиси қаноатмандист, ки ҷиҳати ба даст омадани ин комёбию музаффариятҳо саҳми арзандаи аъзои ҲХДТ низ муассиру калон мебошад.

Қобили зикр аст, ки дар давоми соли сипаришуда аъзои ҳизби мо натанҳо дар бахшҳои муҳимтарини хоҷагии халқи мамлакат собитқадамона заҳмат намуданд, балки дар зинаҳои гуногуни мақомоти давлатӣ ва шохаҳои алоҳидаи ҳокимияти намояндагӣ ва иҷроия масъулиятшиносона адои вазифа карданд.

Фраксияи ҳизб дар Парлумони мамлакат ҷиҳати ба амал овардани заминаи мусоиду қавии ҳуқуқии пешрафти ҷомеаи имрӯзаи мо нақши  назаррас гузошта истодааст.

Мо бояд амиқан дарк бикунем, ки дар пеш ҳизби моро маъракаҳои муҳими сиёсӣ интизоранд. Барои дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ гузаронидани онҳо аз имрӯз бояд замина гузошт ва омодагии ҳамаҷониба гирифт. Мо бояд фаъолияти сохторҳои ҳизбиамонро аз поён то боло бори дигар таҷдиди назар карда, ба таъмини нақши муассиру самарабахш ва воқеии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар татбиқи барномаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии кишвар, бахусус таъмини саҳми арзандаи ҳар як аъзои ҳизб дар амалӣ намудани сиёсати Сарвари давлати Тоҷикистон, Роҳбари муҳтарами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чиҳати пешрафту тараққиёти кишвар ва ноил гардидану расидани кишвари азизи мо ба давлати тарақикардаи дунявӣ, ки барои ҳар як фарди ҷомеа шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро таъмин месозад, муваффақ гардем. Бо ин мақсад фаъолиятҳоямонро дар солҳои гузашта бояд ҳамачониба таҳлил намуда, хулосаҳои зарурӣ  барорем.

Мо бояд фаъолияти ҳизбамонро ба марҳилаи имрӯзаи рушди ҷомеа мутобиқ созем. Тамоми потенсиалу имконятҳои зеҳниву кадрии ҳизбро баҳри иҷрои он вазифаҳои аввалиндараҷае, ки имрӯз Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Сарвари давлату миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, назди ҳар як фарди ҷомеа, бахусус сохторҳо ва аъзои ҲХДТ гузоштаанд, равона созем.

Абдусаломзода МУНАВВАР - раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg