
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар Ҷамоати деҳоти Шӯроободи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ- назариявӣ доир карда шуд.
Дар кори конфронс роҳбарияти Кумитаи иҷроия ширкат дошта,
дар бораи таърихи таъсисёбии ҲХДТ маърӯза намуд.
Сипас, дар идома дигар баромадкунандагон низ фикру ақидаҳои хешро дар бораи саҳми Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлату давлатдорӣ баён дошта, ҳамагонро бо ин санаи муҳими таърихӣ муборакбод гуфтанд.
Қисмати фарҳангии чорабинӣ бошад, бо хондани шеърҳо дар васфи «Тоҷикистон Ватани маҳбуби ҳар яки мо!» , «Мо ҷавонон бо сарвари хирадманди худ ифтихор менамоем» ва «Мо пайравони Пешвои миллатем!» аз ҷониби аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳия анҷом ёфт.