
МӮЪМИНОБОД. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади бозҳам мустаҳкам намудани робитаи зич бо ҷомеа ва татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳияи Мӯъминобод дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Нуробод»-и ҷамоати деҳоти Боғгаӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ масъулин доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ҷиҳати бо амалҳои неку созанда сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ андешаронӣ намуда, ҳозиринро баҳри амалӣ намудани ин амалҳои нек ҳидоят намуданд.