
КӮЛОБ. Дар толори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки ҷавонон – аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” мулоқот доир гардид.
Дар ин мулоқот раиси Кумитаи иҷрояи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Ҳамидин Орзу, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Қурбонов Асадулло ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мададгор”, директори маркази вилоятии нашъамандии №2 дар минтақаи Кӯлоб Сабуров Зоиршо иштирок ва суханронӣ намуданд.
Нахсут, Ҳамидиён Орзу ҷавононро бо 25-уми солгарди таъсисёбии ҲХДТ табрик намуда, қайд кард, ки масъалаи ҷавонон ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳо ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи давлату ҳукумат қарор дошта, бахши муҳими фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ташкил медиҳад.
Зимни суҳбат аз ҷониби Сабуров Зоиршо қайд гардид, ки як зумра шаҳрвандони тоҷик дар муҳоҷирати меҳнатӣ хориҷ аз кишвар қарор доранд, ки ин яке аз роҳои интиқол ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ мегардад. Ё бо дигар роҳу воситаҳо, махсусан бемории ВНМО/АНМО зиёд гардидааст. Дар ин росто фаъолон ва умуман тамоми ҷомеаро зарур аст, ки дар корҳои тарғиботию ташфиқотӣ, инчуни фаҳмондадиҳӣ ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбиро ба бемориҳои гуногуни сироятӣ дар байни мардум ба роҳ монда, ба ин восита метавонем пеши роҳи паҳншавии ин бемориҳои марговарро бигирем. Чунки миллати солим ин давлати солим ва пешрафтаро ташкил медиҳад.