
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо максади сазовор ҷашн гирифтани 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» барои гузаронидани мусобиқаи футбол баҳри дарёфти ҷоми Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб, дастаи футболбозони ноҳияи Ҷ.Балхиро ба ҳузур пазируфтанд.
Дар оғози мусобиқаи мазкур намояндаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ Ҳусензода Наврӯз, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Саидзода Нурмуҳаммад иштирок дошта, дар бораи сиёсати ҷавонпарваронаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, қайд карданд, ки ҷавонон ояндаи давлату миллатанд ва ҳар як ҷавони бонангу номуси Ватанро лозим аст, ҷавобан ба ғамхориҳои Роҳбари давлат пайваста баҳри ободии диёр талош варзанд.
Мусобиқа байни дастаҳо оғоз ёфта, ҷавонон байни ҳам қувваозмоӣ карда, бо ҳисоби 2:0 ба дастаи футболбозони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ анҷом ёфт. Дар охир фаъолон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон сарфароз гардонида шуданд.