БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОКИНОН ДАР ТАРҒИБИ СИЁСАТИ СОЗАНДАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ХУДРО МАСЪУЛ ШУМОРИДАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварзӣ” намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот доданд.  Аз баромад ҳозирин дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, аз ҷумла  дастуру супоришҳои   аз Паёми навбатӣ бароянда то тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ ба худ маълумоти зарурӣ  пайдо намуда,  аз ҷониби масъулин  ҳидоят бар он гардиданд,  ки дар кори тарғиботиву ташвиқотӣ   бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  ҳамкорӣ намоянд.

Сипас, аъзои ташкилоти ибтидоӣ омодагии хешро дар амалисозии  сиёсати созандаи  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Дар охир дар  асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ ба 1 нафар собиқадори меҳнат,  шахси маъюб  Юсупов Қурбоналӣ   кӯмаки яквақтаина расонида шуд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg