ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик дар ташкилоти ибтидоии “Кишоварзӣ” баргузор гардид.
Зимни мулоқот роҳбарияти Кумитаи иҷроия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, дар бораи ба даҳҳо ҳазор хонавода суру шодмонӣ бахшидани “Қонуни авф” , ки рӯзи 25 октябри соли ҷорӣ дар таърихи навини тоҷикон ҳамчун як рӯзи хотирмону таърихӣ сабт шуд, суханронӣ намуда, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем.
Зимнан ба чанд нафар ҷавон, ки хоҳиши пайвастан ба сафи ҲХДТ-ро доштанд, ба онҳо шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.