
НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба 25-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ташкилоти ибтидоии “Шифокорон” дар мавзӯи “ҲХДТ- ҳизби ормонҳои халқ” хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар мулоқоти мазкур аз ҷониби масъулин иброз гардид, ки ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, бахусус наврасону ҷавонон, яке аз самтҳои афзалиятнок ва ҳадафи асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами худ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марҳилаи сарнавиштсози таърихиро сарбаландона тай намуд ва имрӯз ба як ҳизби созанда ва муттаҳидсози ҷомеаи кишвар табдил ёфтааст.