БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ДОҒЕСТ ДАР ҶАБИНИ БАШАР

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи  «Гулобод»-и ноҳияи Дӯстӣ   бо сокинон  оид ба самтҳои афзалиятноки  фаъолияти ҳизбӣ вохӯрӣ доир гардид.

Намояндагони ҳизбӣ дар суҳбат атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла огоҳонидани сокинон аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои  хоинонаи гурӯҳи  террористие, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ ба вуқӯъ пайваст,  андешаронӣ карда,  бо ҳамовозии  ҷамъомадагон  кирдорҳои нангину ноҷавонмардонаи гурӯҳҳои ифротиро сахт маҳкум карданд. 

Сипас, дар идома дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  баррасӣ карда шуда, байни кормандони ҳизбӣ ва сокинон  суолу посухҳои мушаххас сурат гирифт.

Дар охир  ба раиси ташкилоти ибтидоии мазкур, ки дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саҳми арзанда гузоштааст, бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб қадрдонӣ карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg