
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи назорати давлатии санитарӣ- эпидемологӣ”-и ноҳияи Носири Хусрав хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, бахусус дар бораи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, воридшавии молу маҳсулоти пастсифат дар дӯкону мағозаҳо ва бозорҳои истеъмолӣ, бештар ба роҳ мондани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар байни аҳолӣ бо мақсади риояи талаботи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ, ки солимии ҷомеа муҳимтарин рукни давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад, суханронӣ карданд.
Сипас, дар идомаи суҳбат масъулин ҷиҳати омодагӣ ба маъракаҳои муҳими сиёсӣ-интихоботи соли 2020 ҳарф зада, қайд карданд, ки дар пеш маъракаҳои муҳими сиёсӣ -интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ истодааст. Барои баргузории интихобот аз ҳоло корҳои омодагию ташкилиро ба роҳ монда, бо иқдому ташаббусҳои созанда нуфузи ҲХДТ-ро дар байни ҷомеа густариш бахшем.