
ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар доираи қисмати амалии Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб ва ҷалби соҳибкорон ба бошандагони Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед» кӯмаки яквақтаинаи хӯрока расонида шуд.
Маркази иҷтимоии рӯзонаи «Умед» тайи 10 сол аст, ки фаъолият дорад. Марказ ба маъюбон ва шахсони яккаву танҳо дар хона ва марказ хизматрасонӣ менамояд.
Зимни баргузории вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ оид ба сиёсати инсонпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, таъкид кард, ки маъюбону шахсони яккаву танҳо доимо зери таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор доранд.
Коллектив ва бошандагони марказ иқдоми навбатии ҳизбиёнро давоми ғамхориҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуданд.