БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶИ АКБАР АСТ…

ВАХШ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бахшида ба рӯзи байналмилалии маъюбон дар ташкилоти ибтидоии  «Мадад»-и Ҷамоати шаҳраки Вахш чорабинии фарҳангӣ бо оростани дастархони идона барои 35 нафар маъюбону бепарасторон доир карда шуд.

Роҳбарияти Кумитаи иҷроия дар чорабинӣ иштирок дошта, ҷамъомадагонро бо рӯзи идашон шодбош гуфта,   ёдовар шуд, ки ҳамватанони маъюбу бепарастор ва ятимон ҳамеша зери таваҷҷуҳ ва дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҲХДТ, аз ҷумла Раиси муаззами он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  қарор доранд.

Сипас, дар охир ба ҳар яки онҳо туҳфаҳои ҳизбиён тақдим карда шуд, ки маъюбону бепарасторон ин иқдоми некро давоми  ғамхориҳои бевоситаи  Роҳбари давлат арзёбӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg