БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ- НЕРУИ ПЕШБАРАНДА ВА ҚУВВАИ БУЗУРГ ДАР ҶОМЕА!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баррасии ҳадафҳои созандаи ҳизб дар ташкилоти ибтидоии Қитаоти Хатлони «Роҳи Оҳан» бо иштироки намояндагони ҳизбӣ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Масъулин зимнан оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки аъзои ҲХДТ- ҳамчун неруи пешбаранда ва қувваи бузург дар ҷомеа саҳми арзандаеро барои ободӣ ва шукуфоии кишвар гузошта истодаанд. ҲХДТ дар ҳаёти сиёсии кишвар бо барномаи мукаммалу дурбинонаи худ пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар нақши калидӣ дорад.  Он дар амалисозии ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат бо риояи қонунҳо, дар ҳамкорӣ бо сохторҳо фаъолияти судмандро ба роҳ мондааст.                                                                                                                                                                                                                                            

Ҳамзамон, дар бораи дастовардҳои дар солҳои охир бадастовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тандурустӣ, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, ки аз Паёми Сарвари давлат бармеояд,  баррасӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg