БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

25 СОЛИ ПУРСАМАРИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Ворисони Сино”-и шаҳри Норак бо аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ намояндагони ҳизбӣ иштирок намуда, иброз доштанд, ки  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон тӯли 25 сол аст, ки зери шиори “Барои ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагию ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум”  таҳти роҳбарии Раиси муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсии кишвари азизамон фаъолият намуда истодааст.  

Дар идома қайд гардид, ки дар таърихи 25 соли фаъолияти худ ҲХДТ  ба дастовардҳои зиёде дар ҷодаи сиёсати дохилию хориҷӣ ноил гардида, дар  бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Дар охир таъкид карда шуд, ки баҳри таҳкими сулҳу субот ва осоиштагии ҳаёт насли ҷавонро бояд дар роҳи хештаншиносӣ тарбия намоем. Бесарусомониҳои дар бархе аз давлатҳои хориҷа гувоҳ бар он аст, ки мо бояд ваҳдати ба даст омада ва Истиқлолияти ба ҷон баробари худро чун гавҳараки чашм қадр ва эҳтиром намуда, насли наврасу ҷавонро низ дар ҳамин руҳия тарбия намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg