ДАНҒАРА. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Чорсада”-и ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар он роҳбарияти Кумитаи иҷроия вобаста ба мавзӯҳои муҳим, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷмкистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “ Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ ва тундгаро ва сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ суханронӣ намуда, сокинонро барои бо дастовардҳои назаррас пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ даъват карданд.