БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕАРО АЗ ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИСТӢ ВА ЭКСТРЕМИСТӢ ҲИФЗ БОЯД КАРД!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳаи “Дурдона”-и ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ роҳбарияти  Кумитаи иҷроия  вобаста ба  мавзӯи терроризм ва экстремизм суҳбат ороста, қайд намуд, ки   терроризм фаъолиятест, ки баҳри дигаргунсозии сохти сиёсию ҷамъиятӣ, вайронсозии идеологияи давлатӣ, тағйирдиҳии идоракунии давлатӣ, ва режимҳои сиёсию давлатӣ, ягонагии ҳудудӣ бо методҳои ҷиноӣ мебошад.

 Дар идома иброз дошта шуд, ки терроризму экстремизм дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон  дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ метавонад ба миён ояд.

Дар охир қайд гардид, ки мо бояд барои ободу зебо гардидани Ватани азизамон ва аз даст надодани муқаддасоти миллиамон, содиқ  бошем ва барои ваҳдату Истиқлолиятамон, корҳои шоистае анҷом диҳем, ки намунаи ибрати дигарон бошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg