
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Шуғли аҳолӣ” бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин хониши сиёсӣ доир карда шуда, дар он самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ шуданд.
Инчунин, дар идома роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ ба музокира баромада, дар бораи маъракаҳои муҳими сиёсии интихоботҳои соли 2020 ва омодагиҳои ҳамаҷониба дар ин самт ҳарф зада, таъкид дошт, ки маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода масъулияти ҷиддиро аз ҳар яки мо талаб мекунад.
Сипас, аз ҷониби мавсуф дар бораи самтҳои дигари афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ андешарониҳо шуда, ҳамагон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ҳидоят гардиданд.