БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАШЪАМАНДӢ ТАҲДИД БА СОЛИМИИ НАСЛИ МИНБАЪДА

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии "Парастор" бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъулин ба сухан баромада, қайд намуданд, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ дар раванди бемайлони илму техника қарор дорад. Пешрафту шукуфоии оламро бе донишу маърифат наметавон тасаввур кард. Қисме аз мамолики пешқадами дунё бо фарогирии нерӯҳои ақлонию эҷодӣ мушкилоти молиявиро ҳал намуда бошанд ҳам, аз нигоҳи падидаҳои номатлубе мисли нашъмандӣ изҳори ташвиш менамоянд.

Зеро давра ба давра зиёд гардидани шумораи он насли ҷомеаро халалдор гардонида, сиҳатии насли минбаъдаро зери шубҳа мегузорад. Имрӯзҳо ба мушоҳида мерасад, ки бархе аз ҷавонон ба истифодаи чунин маводҳои нашъовар зиёд даст мезананд, яъне дар ҳолати нооромӣ, хашмгинӣ аз ин гуна маводҳо истифода мебаранд. Онҳо фикри солимии хеш ва  ҷомеаро накарда, ба худ ва ҷомеа зарарҳои манфӣ мерасонанд.

Дар фарҷом таъкид шуд, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст, ки ҷиҳати мубориза бар зидди ин вабои аср дастаҷамъона мубориза барем ва ба ин восита дар ин самт саҳми худро гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg