БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМТҲОИ АФЗАЛИЯТНОКИ ФАЪОЛИЯТИ ҲХДТ -РОҲНАМОИ ЗИНДАГӢ ВА КОРУ ФАЪОЛИЯТ АСТ

ХОВАЛИНГ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Хониши сиёсии дар ташкилоти ибтидоии   “Мактаби варзишӣ” доирнамуда бо иштироки намояндагони ҳизбӣ   гузаронида шуд.  

Зимни суханронӣ  қайд карда шуд, ки аз хониши сиёсӣ дар бораи  масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки роҳнамои зиндагӣ ва кору фаъолияти ҳар як фарди ҷомеа мебошад, бисёр чизҳоро омӯхтем. Аз  мавзӯъҳои хониши сиёсӣ чунин бармеояд, ки тинҷии давлат ва зиндагии осудаи мардум дар дасти худи мардум аст.   Мо бояд ҳамеша ҳушёр  ва омода мубориза ба терроризму экстремизм ва онҳое, ки мехоҳанд бо ҳар роҳ дар кишварамон нооромиро ба амал оранд, бошем.

Дигар аъзои ташкилот Аҳмад Миноҷов, Хисрав Одинаев, Фирдавс Саидов дар баромадашон аз сиёсати созанда ва буёдкорнаи Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якдилона дастгирӣ намуданд.

Дар роҳандозии Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”  бо дастгирии ташкилот ба зани ниёзманд Сафармо Муродова ба миқдори муайян кӯмаки молиявӣ расонида  шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg