БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ ОБОДИИ МАҲАЛ САР МЕШАВАД!

МУЪМИНОБОД.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии  деҳаи «Сармайдон»-и ноҳияи Мӯхминобод   хониши сиёсӣ баргузор  карда шуд.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ дар мавзӯи  «Ободии кишвар аз ободии маҳал сар  мешавад», дар бораи нуктаҳои  Паёми  Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  ба Маҷлиси Олии кишвар  ҳарф зада, зикр намуданд, ки Паёми навбатӣ фарогири тамоми  ҷабҳаҳои ҳаёти ҷомеа буда, дар он бурду бохти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар  мавриди  таҳлили  амиқу  ҳамаҷониба  қарор гирифта , бо пешниҳоди  Пешвои миллат солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон  карда шуд. Аз ин рӯ ҳар яки моро зарур аст, баҳри амалӣ гардидани  дастуру супоришҳои  Пешвои миллат кӯшиш намоем.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суҳбату муколама сурат гирифт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg