БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН ДАВОМДИҲАНДАИ АНЪАНАҲОИ НЕКИ МИЛЛӢ МЕБОШАНД!

КӮШОНИЁН. Дар доираи  Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади тақвият бахшидани робитаи зич бо аҳолӣ, бахусус бо ҷавонон, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16 - и ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни вохӯрӣ масъулин қайд карданд, ки ҷавонон насли ояндасози Тоҷикистон, нерӯи пешбарандаи ҷомеа, иқтидори воқеии пешрафти давлат ва ояндаи миллату давлат маҳсуб меёбанд.

Сипас, дар идома самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баррасӣ карда шуда, ҷамъомадагон ба донишандӯзиву аз бар намудани касбу ҳанарҳои миллӣ раҳнамоӣ гардиданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg