БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АҲЛИ ПАЙМОН ДАР ФАРОНСАВУ ШВЕТСАРИЯ БАРОИ ХУМОРШИКАНӢ ХЕЛО ДАВУ ТОЗ КАРДАНД!

ВОКУНИШ. Аслан мардуми кӯҳистон ҳамагӣ шухтабиатанд. Дар диёри мо кампире бо номи Фаришта, ки дар ҳазлу шухӣ хеле инсони зиндадил буду тӯю маъракаҳои аҳли деҳа бе иштироки зиндаёд қариб, ки маъно надошт, бадоҳатан дар омади гап суҳбат меорост, ки агар рӯзи бо шавҳараш-пири хонадон баҳсу музокира накунад, барои ӯ он рӯз хеле рӯзи сахту сангин аст. Ба ибораи дигар агар рӯзе аз шавҳараш дар ягон масъалаи рӯзгордорӣ танбеҳ нагирад, ба монанди чизи қимматеро гумарда худро хеле озурдахотир меҳисобид.

Амалу баҳсҳои бепояву бемантиқи аъзои ба ном паймони миллӣ, аниқтар гурӯҳи 24 дар пойтахти давлати Фаронса шаҳри Париж ҳамшабеҳи гуфтаҳои зиндаёд холаи Фариштаро мемонанд, ки агар соле аз ҷониби аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушту лағат ва баҳсҳои лафзиро нашунаванд то соли дигар хоби хушро фаромӯш месозанд. Ин ҳақиқатро метавон аз саҳифаҳои иҷтимоии ин гурӯҳи худкома ба пуррагӣ дарёфт кард.

Баробари оғози сафари кории Пешвои миллат ба Фаронса аъзо ва тарафдорони дар нохунак Паймони миллии дар фикри дарёфти мушту лағати гурӯҳҳои кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардиданд ва хушбахтона дар ин масир ҳаққи ҳалоли худро низ шарафёб гардиданд. Ва ин гурӯҳ барои шарафёб гардидан ба ин туҳфаи арзандаи ҳаммилатони худ ҳатто мукофот низ муқаррар кардаанд.

Ба иттилои сарчашмаҳои боэътимоди хабарӣ ин гурӯҳ эълон намудааст, ки касе аз аъзои гурӯҳ агар мушту лағати обдорро бисёртар таҳаммул кунад, муддати як ҳафта дар беҳтарин меҳмонхонаи шаҳри Париж бо доираи олуфтаҳои аврупоӣ аз хезу хоб то хурду хурок ва ҳатто идрорпулии дукарата таъмин мегардад ва муддати як сол аз ҳама ҳарзагӯию бадномсозӣ озод мешавад. Соли гузашта Сулаймон Орзуев чунин мукофоти бузургу бебозгаштро соҳиб гардида буд ва имсол низ ин шахси азхудрафта барои қабули мукофоти гаронарзиш хеле ҷиду ҷаҳд кард.

Дар пайи сафари кории Пешвои миллат ба кишварҳои аврупоӣ барои дарёфти мукофоти олии мушту лағат аъзои «фаъол»-и гурӯҳи 24 зери бому девор, кӯчаю пасткӯчаҳои шаҳри Париж даву тоз карданд ва ҳар кадоме ба ҷойи мушту лағати обдор як чанд рӯз паси панҷарара рафтанд. Минбаъд низ Чунин мукофотҳои гаронарзишро, ки зери ҳар як мушт иродаи сиёсии кулли мардуми Тоҷикистон аст, ба осонӣ ба даст биёрад. Шояд мушту лағати обдор ва паси панҷара рафтан то ҷое барои ба худ омадани сари бемағзи ба ном аҳли паймон мусоидат кунаду онҳо аз даъвои беасосу бемантиқи худ дар мавриди фаъолияти минбаъдаи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даст кашанд.

Мутмаинем, ки аҳли ба ном паймони миллӣ дигар роҳи бозгашт надоранд. Зеро ҳар як амали онҳо аз ҷониби «роҳбарони сиёсӣ»-ашон назорат ва баҳогузорӣ мешавад. Дар ҳолати саркашӣ аз амали ғосибонаву бемантиқашон роҳбарияти дар нохунак паймони миллӣ симои аслии онҳоро якҷоя бо гейҳои аврупоӣ ҳатман, ки овозаву дарвоз хоҳанд кард.

Асақолов Алион-

муовини раиси КИ ҲХДТ

дар нохияи ШамсиддинШохин

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg