БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНҲОИ МИЛЛӢ ҚАРЗИ МО ШАҲРВАНДОН АСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоии "Роҳи нав"-и Ҷамоати деҳоти Деҳқонариқи ноҳияи Фархор бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз он ҷумла аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ  ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва баланд бардоштани  зиндагии сокинон ва  моҳияти Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”  суханронӣ карда, таъкид намуданд, ки татбиқи қонунҳои амалкунанда аз ҳар яки мо вобастагии калон дошта, месазад бо амалҳои созанда дар рушду тараққиёти  Ватан  саҳми муносиб гузорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg