
ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “Деҳаи Ҳурчашма ”-и Ҷамоати деҳоти Лоҳур хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор карданд.
Дар хониши сиёсӣ роҳбарияти Кумитаи иҷроия доир ба мавзӯъҳои эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва моҳияти баргузории интихобот ҳамчун чорабинии муҳими сиёсӣ, сафарбар кардани сокинон ба сарфаву сариштакорона истифода бурдан аз нерӯи барқ бо мақсади ноил шудан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгар ва террористӣ, сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ибрози ақида намуда, ҳамагонро ба созандагиву бунёдкорӣ раҳнамоӣ карданд.