БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ - НИШОНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Лаёқат”-и шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карда шуд.

Зимни суханронии худ масъулини ҳизбӣ қайд карданд, ки Парчами миллии мо дар қатори Парчами дигар кишварҳо дар фарози созмонҳои баландпояи ҷаҳони парафшонаст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони азизи мо мебошад. Имрӯз моро мебояд, ки аз Парчами миллии худ ифтихори тамом дошта бошем, эҳтироми онро ҳамчун нишони давлатдории миллӣ, озодӣ ва иқтисодиёти Ватан, чун сарвати гаронбаҳои умумимиллӣ баҷо орем, қадру манзалат ва нақшу эътибори онро ба фарзандҳои худ ва ҷавонону наврасон талқин намоем.

Дар фарҷоми мулоқот раиси ташкилоти ибтидоӣ барои саҳми арзанда гузоштан ҷиҳати амалишавии ҳадафҳои барномавии ҲХДТ бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб қадрдонӣ карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg