БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАҲДАТ ВА ЯГОНАГӢ!

АНДЕША. Парчам аз замонҳои қадим ҳамчун рамзи ваҳдату ягонагӣ, ҳамдигарфаҳмиву иттиҳоди халқу миллатҳо ва муборизаи онҳо барои озодӣ шинохта мешавад. Дар парчам нишонҳои муҳиму арзишманди фарҳангӣ ҳар як халқу миллат, роҳи таърихии тайкардаи он ва дигар аломатҳои ифодакунандаи Истиқлолияти давлатӣ инъикос меёбад.

Ниёгони арҷманди мо ҳазорсолаҳо таҳти парчами хеш саф кашида, Ватану миллат, номусу озодӣ, забону фарҳанг ва марзу буми аҷдодии худро ҳимоя кардаанд, яъне парчами давлатӣ баёнгари ҳаққӣ мавҷудияти миллати тоҷик ба тамоми ғановату асолати таърихиву фарҳангӣ ва ҳуқуқии он аст. Дар парчами кишвари мо даъват ба иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум, саъю талош барои бунёди ҷомеаи адолатпарвар ва инсонияту башардӯстии миллати тоҷик таҷассум гардидааст.

Рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла парчам дар давраҳои вазнини ҳаёти халқу миллатҳо воситаи муассири инъикоси якпорчагӣ ва илҳомбахши муборизаи фидокоронаи фарзандони содиқу вафодори онҳо будааст. Зеро ҳар як фарзанди вафодор ва бо нангу номуси миллат гӯшаи ватан, ҳастии халқ ва ҷовидонагии давлатдории хешро маҳз дар ҳамин рамзҳо эҳсос карда, бо ҳимояи онҳо Модар-Ватанро ҳифз менамояд. Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи диёр ва баёнгари арзишҳои фарҳангӣ миллӣ ва сиёсӣ мебошад.

Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат, аз ҷумла барои мо муқаддас аст. Дар назди парчами давлатӣ аз Президентӣ кишвар то сарбозӣ оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд.

Мо таҳти ҳамин парчам ба ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкоронаамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озодӣ демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд.

Эҳтиром ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам ин арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯз, имрӯз ва фардои миллат аст.

Ҷашни рӯзи парчам-эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, яъне ба онҳое, ки дар тӯли таърих барои ному нанг ва марзу буми халқи тоҷик ҷоннисориҳо намуда, забон фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати кӯҳанбунёдро то ба замони мо расонидаанд.

Бинобар ин, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ - Конститутсия, Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ бояд дар миёни мардум ва пеш аз ҳама, наврасону ҷавонон ҳамчун рамзи нангу номус ва шарафи миллӣ вусъат пайдо намояд.

Воқеан, Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату ватандорӣ, ҳифзи истиқлолияти дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, саъю талоши пайваста ба хотири сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ ва байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрохта мешавад.

Аз ин рӯ, муҳаббат ва эҳтиром ба Парчами миллии мо бояд дар қалби ҳар фарди бонангу номус маъво дошта бошад ва ӯро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои он ҳидоят намояд.

Бобомуродов Манучеҳр - мутахассисси шуъбаи таблиғот, иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg