БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛАТ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида  ба  Рӯзи  Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   бо иштироки аъзои намояндагии “Созандагони Ватан”, ҷавонони фаъоли касбу кори гуногун аз ташкилоту муассисаҳо, толибилмони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ ва омӯзгорӣ  ва “Ҷавонони ташаббускор” -и назди Кумитаи иҷроия роҳпаймоӣ баргузор гардид.

 Дар роҳпаймоии ҷавонон дар даст  аксҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон , Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шиору навиштаҷоти “Пешво ифтихори мо” , “Парчамат бодо парафшон Тоҷикистон”, “Парчамат ҳамеша парафшон бод Тоҷикистонам”, “Мо ҷавонон посдори сулҳу ваҳдатем” дар шоҳроҳи маркази ноҳия бо ифтихору шукргузорӣ аз сулҳу суботи кишвар қадам зада, чорабиниро дар сатҳи баланди сиёсию фарҳангӣ таҷлил намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg