БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЪСИСИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ КАСБОМӮЗ ДАР ЁВОН

ЁВОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади баргузории хониши сиёсӣ ва таъсиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар муассисаи давлатии Литсейи касбӣ-техникии ноҳияи Ёвон бо иштироки коллективи муҳандисию омӯзгорӣ вохӯрӣ баргузор гардид. 

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ роҷеъ ба арзишҳои миллӣ, Рӯзи Парчами давлатӣ, эҳтиром гузоштан ба арзишҳои башарӣ, тарбияи дурустӣ ҳунаромӯзон, назорати ҳаматарафаи онҳо дар вақти таҳсил ва иқомат дар хобгоҳ ва хонаҳои иҷоравӣ, бештар баргузор намудани маҷлисҳои падару модарон, пешгирии шомилшавии ҷавонон аз гурӯҳҳои ифротгаро андешаронӣ намуданд.

Сипас, дар идома дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ба дарки  ҳамагон расонида шуда, байни аъзо ва кормандони ҳизбӣ  суолу ҷавобҳо сурат гирифт. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg