БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМАИ ДАСТОВАРДҲО САМАРАИ ВАҲДАТ АСТ!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар  ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  “Сангоба” хониши  сиёсӣ  оид  ба самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҲХДТ  баргузор гардида, дар он кормандони масъули  Кумитаи  иҷроия  иштирок  ва  баромад карданд.

Масъулин зимни суханронӣ  вобаста  ба рушду  тараққиёти  Тоҷикистон  дар  тӯли  соҳибистиқлолӣ  кишвар  суханронӣ  намуда, қайд  карданд, ки  ҳамаи  дастовардҳои ба  даст  омада  самараи  Ваҳдати  миллӣ  мебошанд.

Дар идома гуфта шуд, ки бо  мақсади  омодагӣ  ба  маъракаи  муҳими  сиёсӣ интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва  маҷлисҳои  маҳалии  вакилони  халқ ташкилотҳои  ибтидоӣ  фаъолияти минбаъдаи  худро  оид ба бартараф  намудани  мушкилоти  ҷойдошта  дар  ҳудуди  қитъаҳои  интихоботӣ  ба  роҳ  монда, бо  ҳалли  масъалаҳои  ҳалталаби  иҷтимоӣ ва  дастгирии  қишрҳои   ниёзманди  аҳолӣ  бо  ташкилу  баргузории  Аксияи  ҳизбии “ Якҷоя  ҳал  мекунем!”  бо  мақсади  боз  ҳам     қавӣ  гардонидани   эътимоду  боварии  мардум ба ҲХДТ-ҳамчун  ҳизби  созандаву  бунёдкор  амалӣ  намуда  истодаанд.    

Дар  қисмати  амалии  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал  мекунем!” бо дастгирии сокинон  ба  муассисаи таҳсилоти  миёнаи  умумии  №19 барои  таъмири  мизу  курсӣ  қисмҳои  эҳтиётӣ  ва  таъмини маводҳои сохтмонӣ  кӯмак  расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg