ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Восеъ”-и ноҳияи Ховалинг оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир карда шуд.
Ҳозирин аз баромад дар бораи пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, солҳои 2019 - 2021 эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ , зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи неруи барқ, хавфу хатари терроризм ва роҳҳои мубориза бар муқобили он, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, хатари ҷаҳонишавӣ ва таъсири манфии он ба урфу одат ва фарҳанги миллӣ, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир, роҳҳои аз байн бурдани нашъамандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, моҳияти хизмат дар сафи Артиши миллӣ маълумоти зарурӣ пайдо намуданд.
Котиби ташкилоти ибтидо дар баромадаш оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон гардидани солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз номи кормандони осорхона бо азми қавӣ ваъда дод, ки зодгоҳи Қаҳрамони халқи тоҷик – Восеъро ба макони хуби сайёҳӣ табдил медиҳанд.
Дар асоси Аксияи ҳизбии “ Якҷоя ҳал мекунем” бо дастгирии ташкилоти ибтидоӣ ба ду нафар ниёзмандон кумаки молиявӣ расонида шуд.