БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН ПАЙКИ СУЛҲУ ДӮСТӢ ВА ИТТИҲОДУ ЯГОНАГИСТ!

АНДЕША. Ҳар миллат чун ҳама мавҷуди олам барои ҳастиву бақои худ пайваста дар талошу мубориза аст ва табиат нерумандтарину боарзиштарини онҳоро ҳифз мекунад. Таърихи пуршебу фароз ва пур аз муборизаҳои миллати тоҷик исботи ин гуфтаҳост. Борҳо ин миллатро ғарқи хун карданд, сӯзонданд, аз сари фарзандонаш калламанора сохтанд.., аммо чун нақши он барои комил гаштани башарият зарур буд, нест нашуд. Бале, буданд давраҳое, ки миллати тоҷикро борҳо ҷисман заиф сохта, ба вартаи нобудӣ расониданд, аммо рӯҳи пуриқтидори он аз зарраҳои боқимонда дубора миллат месохт. Барои дарёфти далел кофист, ки сафҳаи се даҳсолаи охири таърихро варақ занем... Пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар ин миён пайдо шуданд асолатбохтагону хиёнатпешаҳое, ки кишварро ба гирдоби ҷанги таҳмилӣ кашиданд, омилҳои муттаҳидкунандаи миллатро ба коми нестӣ андохта, мардумро ба гумроҳӣ тела доданд. Дар ин миён масъалаи ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва сарҷамъ намудани миллати пароканда масъалаи ҳастиву нестӣ буд...

Хушбахтона, дар ниҳоят хотираи таърихии миллат бедор гашт ва дар рафти Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба майдони сиёсат ворид шуд. Дар ин Иҷлосия зимни қабулу тасдиқи аркону арзишҳои давлатдорӣ Пешвои миллат ҳамчун роҳбари бохираду сиёсатмадори варзида ба Парчами давлатӣ муносибати хос нишон дод. Замоне, ки Эмомалӣ Раҳмон нахустин шуда бо баёни эҳтироми баланд ба Парчами давлатӣ онро бо меҳри бепоёни ватандорӣ бусида, ба дидаҳои пурашки худ молид ва дигар вакилони мардумӣ ин амали шарафмандонаро пайравӣ карданд, халқи ҷафодидаи тоҷик ин ҳамаро аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ тамошо намуда ашк рехтанд. Аммо ин дигар ашки ҳасрату ашки мазлумон набуд! Ин акнун ашки ғуруру ашки умед ба ояндаи дурахшон буд! Миллат Парчами давлатиро болои сар гирифт ва атрофи Пешвои худ муттаҳид шуд. Ин оғози эҳёи Истиқлолияти воқеӣ буд!

Воқен, барои миллати соҳибтамаддуни тоҷик, ки аз аввалин ливодорон буданд, Парчам рамзи муборизаву ҷоннисориҳо барои даст ёфтан ба озодиву Истиқлолият, манбаи нерӯву қудрат дар роҳи созандагиву бунёдкорӣ ва сармояи ғуруру ифтихори миллӣ дониста мешавад. Ин ғаризаи фитрии миллатро дар тули солҳои соҳибистиқлолӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо халқи шарафманди тоҷик бо кору амали меҳанпарваронаи худ собит намуд.

Парчами мо нишон аз таърихи чандинҳазорсолаи мост ва гӯётарин гувоҳ бар он, ки тоҷик на фақат дар фарҳангу илми умумибашарӣ саҳми бориз дорад, балки дар давлатдориву давлатсозӣ низ яке аз миллатҳои бунёдгузор ба ҳисоб меравад.

Имрӯз Парчами давлатӣ дар баробари муаррифномаи миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ будан, ҳамзамон нишонаи сарҷамъӣ ва ваҳдату ягонагии миллат дар фаросӯи фурсатталабиҳои ҷомеаи навин ба ҳисоб меравад. Имрӯз парчами давлатӣ моро дар майдони корзори ватансозӣ мутттаҳид намуда, ҳисси худогоҳии моро бедор кардааст.

Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки мегӯяд: «Мо таҳти ҳамин Парчам ба Ваҳдати миллӣ расидем. Дар зери ҳамин рамзи муқаддаси миллӣ мо сиёсати созандагиву бунёдкориамонро ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум дар ҷомеаи нав, ҷомеаи озоди демократӣ ва ҳукуқбунёду дунявӣ ба пеш хоҳем бурд».

Мо халқи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо меҳнату талошҳои ободкоронаи худ таҳти роҳбарии Пешвои миллат рӯз аз рӯз Парчами Ватанро баландтар афрохта, дар арсаи ҷаҳонӣ ба он ҷилои тоза мебахшем. Зеро баландии парчам ин сарбаландии ҳар яки мо ва устувории пояи Парчам ин қомати росту устувори давлату миллат аст.

Парчами давлатӣ, бахусус барои ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол мояи ифтихор аз гузаштагони бонангу меҳанпарвар ва тамаддунофар мебошад, ки аввалин оини парчамдориро бунёд гузоштаанд.

Аз ин рӯ онҳо амиқан ба дарки моҳияти баланди сиёсӣ ва фалсафаи миллии Парчами давлатӣ расида, онро ҳамчун нишони ватандорӣ ва рамзӣ иттиҳоду ягонагии халқ дар роҳи ҳифзи озодиву Истиқлолият, гиромӣ медоранд.

Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дурустӣ таъкид кардаанд, ки: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан ҷавонон ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Дар партави ин самимият, ҷавонони тоҷик, ки умеди имрӯзу фардои миллат ҳастанд, ин арзиши бузурги давлатдории миллиамонро асолатмандона ҳифз карда, бо кору амалу номи неки худ Парчами Тоҷикистонро дар баландтарин пояҳои дунё парафшон месозанд.

Мояи сарфарозии ҳар яки мост, ки имрӯз Парчами Тоҷикистон дар тамоми гушаву канори олам парафшон гашта, нишона аз кишвари сулҳофар, ваҳдатгаро, дӯстҷӯ ва муваффақ дар ҳалли масоили глобалист. Пас метавон бо ғурури бузурги миллӣ гуфт, ки имрӯз Парчами Тоҷикистони соҳибистиқлол пайки сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ ба аҳли башар аст!

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, миллати шарафманди тоҷик!

РАҲМОНЗОДА Абдулло Қурбоналӣ – раиси КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, Раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg