
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар Конференсияи 13-уми ҳисоботӣ - интихоботии Кумитаи иҷроия бо таҳлилҳои мушаххас дастовардҳои ҳизбиёнро дар давоми аз Конференсия то Конференсия ҳамаҷониба мавриди баррасӣ қарор дод.
Сипас, узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Зарифзода Почохон, зимни суханронӣ ба фаъолияти Кумитаи иҷроия, аз ҷумла ташкилотҳои ибтидоӣ баҳои баланд дода, дастовардҳои беназири солҳои охири ҳизбиёнро хуб арзёбӣ кард ва барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои ҳизбӣ, аз ҷумла маъракаҳои муҳими сиёсӣ ҳамагонро даъват намуд.
Дар идомаи Конференсия бо дастгирии иштирокдорон ҳисоботи Кумитаи иҷроия қаноатбахш ҳисобида шуда, шахсони соҳибмаърифат ба вакилии Конференсияи вилоятӣ пешбарӣ гардиданд.