
БОХТАР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Литсензия” маҷлиси ҳисоботӣ-интихоботӣ ва вохӯрии судманд доир карда шуда, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар маҷлис ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоӣ дар 2,5 соли охир, интихоби раис ва пешбарии вакил ба Конференсияи 21-уми ҲХДТ дар шаҳри Бохтар муҳокима гардида, вазифаҳои аввалиндараҷа барои фаъолияти минбаъда дар маъракаҳои муҳими сиёсӣ ба дарки ҷамъомадагон расонида шуд.
Сипас, масъулин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳояи сироятӣ, муборизаи дастаҷамъона бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷомеа - коррупсия, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ суханронӣ карда, аз иштирокдорон ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват ба амал оварданд.