БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗӢ АМАЛИ САВОБ АСТ!

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади иҷрои босифати корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар ташкилоти ибтидоии «Хурамзамин»-и деҳаи Роҳи Ленини Ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи А.Ҷомӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи мазкур   хониши сиёсӣ вобаста ба ьаррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб  баргузор гардид.

Зимни баргузории вохӯрӣ  масъулин дар бораи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ибрози ақида намуда, ҳозиринро баҳри саҳм гузоштан дар таълиму тарбияи дурусти фарзандон, риояи талаботи қонунҳои миллӣ роҳнамоӣ карданд.

Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» бо дастгирии аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ  зиёда аз 1 километр роҳи деҳа мумфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg