
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Идораи бойторӣ»-и ноҳияи Дӯстӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот доир карда шуда, дар он намояндагони ҳизбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин зимни баромади хеш дар бораи пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, огоҳонидани сокинон аз хавфу хатарҳои ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ, мубориза бар зидди амалҳои коррупсионӣ ҳамчун вабои аср, риояи талаботи қонунҳои миллӣ, роҳандозии корҳои амалӣ дар доираи Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» ба ҷои маъракаҳои беҳуда сухан гуфтанд.
Сипас, байни иштирокчиён ва кормандони масъули ҳизбӣ оид ба самтҳои гуногуни равандҳои дохилию берунии сиёсӣ суҳбату гуфтугузорҳои судманд сурат гирифт.