БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАҚСАД БАЛАНД БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ СОКИНОН ДАР МАҲАЛ

ДӮСТӢ. Дар доиари Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Имрӯзҳо кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Дӯстӣ  баҳри баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии мардум бо сокинони ҷамоати деҳоту шаҳраки ноҳия шаҳрак  суҳбату вохӯриҳои судмандро  доир намуда истодаанд, ки иштирокдорони мулоқотҳо ба худ таассуроти нек гирифтаанд.

Чунин  ҳамоиш дар ташкилоти ибтидои деҳаи «Шаҳдрез» баргузор гардид, ки  дар он масъулин  атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла  баҳри сафарбар намудани фарзандон ба сафи  Қувваҳои  мусаллаҳи Чумҳурии Тоҷикистон ва як қатор маъсалаҳои  мубрами рӯз суханрониӣ карда, таъкид намуданд, ки бо дастгириву ғамхориҳои  Роҳбари давлат дар қисмҳои низомӣ  шароити хубу замонавӣ фароҳам оварда шуда, ҷавонони мо метавонанд бо истифода аз ин шароити мусоид қарзи фарзандии хешро дар назди халқу Ватан адо намоянд.

Сипас, дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баррасӣ карда шуда, байни масъулин ва иштирокдорон суҳбату муколаммаҳо сурат гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg