БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҒАМХОРӢ НИСБАТИ ЭҲТИЁҶМАНДОН ВАЗИФАИ МУҲИМТАРИНИ МОСТ!

Н.ХУСРАВ.  Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо мақсади тарғибу ташвиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  дар ташкилоти ибтидоии    деҳаи  “Муъминобод”-и Ҷамоати  деҳоти  Истиқлоли  ноҳияи  Носири  Хусрав  оид  ба  самтҳои  афзалиятноки  фаъолияти  ҳизб хониши  сиёсӣ  баргузор  гардид.

Намояндагони Кумитаи  иҷроия  дар  он  иштирок  намуда,   дар  қисмати  сиёсии  чорабинӣ  оид  ба  сиёсати  хирадмандонаю  созандаи  Пешвои  миллат, омодагиҳо  ба рафти   корҳои  ташкилӣ ба  маъракаи  муҳими  сиёсӣ- интихоботи  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  ва   маҷлисҳои маҳаллии  вакилони  халқ,  инчунин истиқболи  сазовори Рӯзи  Парчами давлатӣ ва 25-солагии таъсисёбии ҲХДТ, барои  беҳтар  намудани  вазъи  иҷтимоӣ  дастгирии  табақаҳои  ниёзманд, фароҳам  овардани  ҷойҳои  нави  корӣ  ва  паст    намудани  шиддати  муҳоҷирати  меҳнатӣ  мулоҳизаронӣ карда, афзуданд, ки ташкилотҳои  ҳизбиро  зарур  аст, корҳои  созандагиву бунёдкориро вусъат бахшида, масъалаҳои  умдаи  иҷтимоӣ ва  дастгирии   қишри  ниёзманди  аҳолиро ба  роҳ  монда,  дар  доираи  Аксияи  ҳизбии  “Якҷоя  ҳал мекунем!”  эътимоду  боварии  мардумро   нисбати  ҲХДТ  боз  ҳам  бештар  намоянд.

Сипас, дар қисмати амалии  чорабинӣ аксияи ҳизбӣ баргузор гардида, аз ҷониби ташкилоти ибтидоӣ ба 1 нафар маъюб аробачаи маъюбӣ ва таҷҳизоти либосхушккунӣ дар фасли зимистон кумак расонида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg