
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар хониши сиёсие, ки дар ташкилоти ибтидоии Ҷамоати шаҳраки “Ховалинг” гузаронида шуд, намояндагони ҳизбӣ дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маълумот дода, онҳоро ба сариштакорона истифода бурдани нерӯи барқ, мубориза бо терроризму экстремизм, тарбияи дурусти фарзандон дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида, риояи урфу одатҳои нек ва фарҳанги миллии аз ниёгон ба мо меросмонда, истифодаи мақсаднок аз технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мубориза ба нашъмандию нашъаҷаллобӣ, коррупсия, пешгирии бемориҳои сироятӣ, риояи қонунҳои миллӣ ва дигар масълаҳои муҳими рӯз даъват намуданд.
Инчунин, дар идома изҳор шуд, ки созандагию бунёдкорӣ мароми ҳизбиён буда, саҳми сокинон дар ободии маркази шаҳрак хеле назаррас аст.
Дар асоси Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилот мақсад гузоштанд, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ 65 адад китобҳои бедеии бачагона харидорӣ намуда, ба китобхонаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 тақдим намоянд.