
ХУРОСОН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар Ҷамоати шаҳраки Обикиики ноҳияи Хуросон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Мо пайравони Пешвои миллатем!» баргузор гардид.
Дар Аксияи мазкур аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан», аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ аз ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, ки зиёда аз 2000 нафарро ташкил медоданд, дар даст расмҳои Пешвои миллат ва шиору овезаҳо бо шукргузорӣ аз фазои тинҷу ороми Ватан иштирок намуданд.
Дар чорабинӣ узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳия Сафарзода Раҳматулло Хайрулло ва роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ иштирок дошта, дар бораи нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу субот ва пешрафту тараққиёти кишвар суханронӣ намуда, ҳамагонро барои дӯст доштан меҳан, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ раҳнамоӣ карданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ барномаи консертии ташкилоти ибтидоии «Фарҳангчиён» хотири ҷамъомадагонро болида гардонид.