БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОМОДАГИИ ҲАМАҶОНИБАИ МО БА МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли  баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ.  Маҷлисҳои ҳисоботӣ– интихоботӣ  дар ташкилотҳои ибтидоии “Савда”  ва  “Хоҷагии  Кангурт”–и  Ҷамоати  деҳоти  Кангурти  ноҳияи Темурмалик  бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ баргузор гардиданд.

     Дар маҷлис ҳисоботи раисони ташкилотҳои ибтидоӣ дар тӯли 2,5 соли охир шунида  шуд.

     Зимнан  раисони ташкилотҳо аз нав интихоб шуда, ба номзадии вакилӣ шахсони арзанда, ки дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҲХДТ саҳми муносиб доранд, ба конференсияи ноҳиявӣ пешбарӣ гардиданд.

      Инчунин,  масъулини Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар бораи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҳизб, омодагии ҳамаҷониба ба маъракаи муҳими сиёсӣ–интихоботи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб сухан гуфта, иштирокчиёнро даъват карданд, ки ҳамеша содиқона ба халқу Ватан хизмат кунанд.

         

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg