
ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзои ноҳияи Ховалинг бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ оид ба омӯзиши самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Дар назди ҳозирин масъулини ҳизбӣ баромад намуда, дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба таври муфассал маълумот доданд.
Аъзои ташкилоти ибтидоӣ барои амалӣ намудани самтҳои мазкур, алалхусус, рушди деҳот худро масъул шумориданд.
Инчунин, дар ин рӯз дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” аъзои ташкилот ба оилаи ниёзманд кӯмаки молиявӣ расониданд.